“Низомномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ”

“Низомномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ”

Л о и ҳ а

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «04»июни c. 2014 №390

тасдиқ шудааст.

Низомномаи

Хадамоти муҳоҷират

1. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти муҳоҷират (минбаъд – Хадамот) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ анҷом медиҳад.

2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат, муҳоҷират шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Низомнома, ва фармоишу қарорҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор медиҳад.

4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

2. Вазифаҳои Хадамот

5. Хадамот дар соҳаҳои муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд;

а) дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ:

– татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷирати аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

– ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҷалби донорҳо ҷиҳати ташаккули низоми таҳлили бозори меҳнат барои муайян намудани дурнамои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, инчунин барои аз худ кардани бозорҳои нави меҳнат дар хориҷи кишвар;

– тибқи муқаррарот ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муҳоҷират бо кишварҳои хориҷи дуру наздик, ташкил намудани шўрои ҳамоҳангсоз ва ё дигар мақомот ҷиҳати дар якҷоягӣ ҳал намудани душвориҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати аҳолӣ;

– тавассути субъектҳои хоҷагидор, ки ба интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ машғул мебошанд, ташкил ва амалӣ намудани фаъолият дар самти сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа;

– иштирок дар татбиқи низоми самараноки суғуртаи иҷтимоӣ, тиббӣ ва нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ;

– мувофиқи тартиби муқарраршуда амалӣ намудани фаъолият оид ба назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ;

– дар доираи салоҳияти худ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор пешбурди фаъолият оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар;

– дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ иштирок дар гузаронидани амалиётҳои махсус оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки дар доираи давлатҳои аъзои ИДМ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ) гузаронида мешавад;

– баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа мераванд ва бармегарданд, инчунинбаҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳамкории самарабахш ва ҳамоҳангсозии масъалаҳо бо намояндагиҳои Вазорат дар хориҷи кишвар, диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

-дар ҳамкори бо мақомоти дахлдори давлати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди ҷомеа;

– дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ бо мақсади мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷойи кор дар хориҷи кишвар;

– мусоидат ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо мақсади ташкили фазои ягонаи муҳоҷирати меҳнатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодии Аврупову Осиё ва дигар давлатҳо;

-ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва самарабахш бо ҳамватанони бурунмарзӣ, диаспораҳои тоҷик ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият бо мақсади ҷалби онҳо дар рушди ҷомеа;

– расонидани хизматҳои машваратӣ, ҳукуқӣ, иҷтимоӣ ва дигар намуди хизматрасониҳоро ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо;

– ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдорҳо оид ба ҳуқуқи инсони давлатҳои бокортаъминкунанда бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– бо тартиби муқарраргардида ташкили фаъолият вобаста ба иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва назорати шартҳои иҷозатномадиҳӣ;

– бо тартиби муқарраргардида додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ташкили корҳо оид ба реинтегратсия ва реабилитатсияи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ватан баргаштаанд;

– иҷрои дигар вазифаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

б) дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ);

– ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар татбиқ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳо доир ба масъалаи муҳоҷирати дохилӣ (ихтиерӣ);

– дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба кўчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз минтақаҳои кўҳӣ ва наздикўҳӣ, сераҳолӣ ва камзамин ба ноҳияҳои дорои заминҳои бекорхобида бо мақсади рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ, баланд бардоштани инфрасохтори деҳот, ҷалб намудани ҷавонон ба кори доимӣ, паст гардонидани сатҳи бекорӣ ва пешгирии муҳоҷирати дохилии ғайриқонунӣ;

– масъалагузорӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини чорабиниҳо барои қабули муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ), ҷобаҷокунӣ, таъмини онҳо бо кори доимӣ, манзил ё замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, оби нўшокӣ, барқ, роҳ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ;

-банақшагирии давра ба давра кучонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо;

– тавассути Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” тибқи тартиби муқарраргардида пардохт намудани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони дохилӣ, барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои муҳоҷирон;

– анҷом додани вазифаҳои фармоишгари давлатии барномаҳо ва лоиҳаҳои мақсадноки илмӣ-техникӣ ва сармоявӣ ҷиҳати бунёд намудани инфрасохтори деҳот дар маҳалҳои зисти муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ);

– бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва фароҳам овардани шароити хуби зист барои муҳоҷирон, ташкил кардани ситоди доимоамалкунанда бо намояндагии мақомоти дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

в) дар соҳаи муҳоҷирати экологӣ:

– ҳамоҳангсози татбиқи чорабиниҳо оид ба равандҳои муҳоҷирати экологӣ мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ;

– гузаронидани мониторинг, баҳодиҳӣ ва дар асоси он таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи барномаҳои давлатӣ марбут ба муҳоҷирати экологӣ;

– тавассути комиссияҳои маҳаллӣ муайян намудани мавзеъҳои экологӣ, миқдори хоҷагиҳо бо назардошти таҳияи рўйхати умумии муҳоҷирони экологӣ, мувофиқа кардани муҳлати кўчонидани муҳоҷирон аз мавзеъҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф;

– бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани фаъолияти комиссияҳои доимӣ таҳти роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби дигар идораҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

– ҷиҳати ташкил кардани шаҳраки ҳозиразамон ва намунавӣ барои зисти муҳоҷирони экологӣ, масъалагузорӣ намудан дар назди мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба таҳия ва татбиқи нақшаи генералӣ бо назардошти пешбинии инфрасохтори шаҳрак;

– таъсиси махзани маълумот барои ҷорӣ кардани системаи баҳисобгирии раванди муҳоҷирати экологӣ;

3. Ваколатҳои Хадамот

6. Хадамот дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– мусоидат ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

– иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо ва дурнамои раванди муҳоҷирати аҳолӣ;

– мусоидат барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ –шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– бо тартиби муқарраргардида манзур намудани пешниҳодҳо оид ба такмили шаклҳои ҳисоботдиҳии оморӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

– таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи ягонаи иттилоотӣ, низоми ягонаи автоматишудаи бақайдгирӣ ва коркарди иттилооте, ки мониторинг ва интиқоли иттилооти марбут ба масъалаҳои салоҳияти Хадамотро таъмин менамояд;

– ташкили нуқтаҳои баҳисобгирию хизматрасонӣ дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ ҷиҳати баҳисобгирии рафту омади муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ;

– ташкил ва таъмини кори махзани иттилоотӣ, инчунин таъмини шакли ягонаи методологӣ ва амали мувофиқашудаи низоми иттилоотӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

– бо тартиби муқарраршуда ҷалби муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳо, коршиносон барои ояндабинӣ ва ҳалли масъалаҳои соҳа;

– бо тартиби муқарраргардида пешниҳоди дархост ва гирифтани маълумоти зарурӣ аз мақомоти давлатӣ, ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо барои қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

– таҳияи дастурҳо ва тавсияҳои методӣ, расонидани ёрии машваратӣ ва дигар кўмакҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

– таҳлил ва ҷамъбасти таҷрибаи истифодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ва андешидани тадбирҳо оид ба такмили фаъолияти Хадамот;

– иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои барномаҳо (аз ҷумла фонди ҷамъиятии мусоидат, лоиҳаҳои хурди молиявӣ ва интиқоли маблағ) бо мақсади дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо;

– бо тартиби муқарраргардида дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо таъсис додани мақомоти машваратӣ (шўроҳо, комиссияҳои байниидоравӣ, гурўҳҳои корӣ ва ғайра) барои баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи муқарраршудаи фаъолият;

– дар доираи салоҳияти худ гузаронидани санҷишҳо барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ;

– ташкили низоми маълумотдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба хатарҳое, ки ба муҳоҷират ба хориҷа алоқаманд мебошанд;

– тавассути воситаҳои ахбори омма ташкили корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба аҳолии кишвар марбут ба масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ;

– тибқи тартиби муқарраргардида пешбурди истеҳсолот оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ё шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ намудан оид ба берун кардани (депортатсияи) муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд;

– пешниҳод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати танзими масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ;

– бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандон дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ;

– ташкили қабули шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Хадамот;

– назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва мақомоти тобеи Хадамот;

– дархост намудан ва гирифтани маълумотҳои омори оид ба салоҳияти Хадамот аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Ташкили фаъолият

7. Хадамотро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки он бо пешниҳоди Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

9. Сардор дорои ду муовин, аз ҷумла як муовини якум мебошад, ки онҳо бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

10. Шумораи ниҳоии кормандон ва теъдоди муовинони Сардори Хадамотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

11. Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамот мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти худ аз раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо иборат мебошад.

12. Сардори Хадамот:

– лоиҳаи Низомнома, нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Хадамотро, ҷиҳати тасдиқи минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

-барои ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои Хадамот дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

– манфиатҳои Хадамотро дар мақомоти давлатӣ ҳимоя мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро амалӣ месозад;

– дар доираи салоҳияти худ фармоиш ва супориш медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеи Хадамот ҳатмӣ мебошанд;

– вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;

– низомномаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамотро тасдиқ мекунад;

– кормандони Хадамотро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– оид ба эълони озмунҳо ҷиҳати ишғоли мансабҳои маъмурии холии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи марказии Хадамот ва дар сохторҳои Хадамот, қарор қабул мекунад;

– ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо, тадбирҳо меандешад;

– сметаи хароҷоти Хадамот, мақомоти маҳаллии онро, ки дар буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои молиявӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ менамояд;

– нақшаи кор ва нишондоди фаъолияти мақомоти маҳаллии Хадамотро тасдиқ мекунад, инчунин ҳисоботҳоро оид ба фаъолияти онҳо баррасӣ менамояд;

– тибқи қонунгузорӣ масъалаҳои ҳавасмандгардонии моддии кормандони Хадамот роҳбарони мақомоти маҳаллиро ҳал намуда, барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои меҳнатӣ ҷиҳати сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия мекунад.

13. Хадамоти муҳоҷират шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мўҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, мўҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Инчунин Хадамот дорои суратҳисоби махсус мебошад.

14. Маҳалли ҷойгиршавии Хадамот – шаҳри Душанбе, кўчаи Айнӣ, 121 мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 390

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират

Роҳбарият

Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ

Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ

Шўъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва

ҳамватанони бурунмарзӣ

Шўъбаи ташкилӣ ва умумӣ

Шўъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ

Шўъбаи ҳуқуқ

Шўъбаи молия ва хоҷагидорӣ

Бахши иқтисод ва банақшагирӣ

Бахши кадрҳо

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 390

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти муҳоҷират

Дастгоҳи марказӣ

Раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғду Хатлон

ва шаҳри Душанбе

Шўъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кўҳистони

Бадахшон

Шўъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои

ҷумҳурӣ

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 2014, № 390

тасдиқ шудааст

Номгўи ташкилотҳои системаи Хадамоти муҳоҷират

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хоруғ

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Ваҳдат

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Қўрҷонтеппа

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷироии меҳнатӣ” дар шаҳри Кўлоб

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Панҷакент

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Турсунзода

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Исфара

Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ноҳияи Рашт