Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

189 просмотров

23 октябри соли равон дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс баргузор гардид.

Дар ибтидо Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ташрифи меҳмонон ба Хадамоти муҳоҷиратро хайрамақдам гуфта, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти имрӯзаи Хадамот ба таври муфассал маълумот дод. Алалхусус, ӯ қайд намуд, ки ба ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ 469575 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷ кишвар сафар намуданд,ки аз онҳо 417031 нафарашон мард ва 52544 нафарро зан ташкил медиҳанд. Аз ин ҷо, ба Федератсияи Россия – 460967 нафар ва Қазоқистон – 6805 нафар сафар карданд. Аз шумораи умумии бозгаштагон 278968 нафарашонро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

Аз тарафи худ Н. Гарбарс барои барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, иброз намуд, ки мақсади умумии барномаи “Идораи сарҳадҳо дар Осиёи Марказӣ” (БОМКА 9) баланд бардоштани самаранокӣ ва натиҷабахшии идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ тавассути ҷори намудани элементҳои муосири «Идоракунии мукамали марзҳо» ва мусоидат намудан ба ҳукуматҳо дар рушди таҳкими сиёсат дар соҳаи идоракунии давлатии муҳоҷират, зудамалӣ ва мусоидат ба савдо, васеъ намудани имконоти мақомоти сарҳадӣ ва муҳоҷиратӣ ба хотири мусоидат ба рушди амният ва иқтисодиёт дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, мебошад.

Ӯ қайд намуд, ки роҷеъ ба ин дар даври аввали амалисозии барнома гузаронидани миссияҳои баҳодиҳӣ дар ҳар як кишвар ба доир намудани вохӯриҳо бо намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ, роҳбарияти мақомоти сарҳадӣ, муҳоҷират, гумрук ва фитосанитарӣ, инчунин муассисаҳои дахлдори таълимии соҳа барои шиноскунии лоиҳа, муайянсозии мушкилотҳои эҳтимолӣ ва эҳтиёҷот, пешбинӣ шудааст.

Барнома бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва аз ҷониби консортсиуми шарикон бо роҳбарии мақомоти сарҳадии Латвия амалӣ карда мешавад.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро бахри тақвияти ҳамкориҳо ва амалигардонии ин барнома баён доштанд.

Мулоқот дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Анвар Юсупов
хабарнигори рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират».