Дар доираи марҳилаи дуюми “Нелегал – 2017”

115 просмотров

Чуноне ки қаблан хабар дода будем, дар асоси Фармоиши якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №42/71241 аз 18.05.2017 «Дар бораи омодагирӣ ва дар доираи талаботҳои СААД гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳти унвони шартии «Нелегал-2017» 25 сентябр дар миқёси вилояти Суғд низ марҳилаи дуюми амалиёти мазкур оғоз гардид, ки то 6 октябри соли ҷорӣ давом хоҳад кард.

Бо ибтикори Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан  26-27 дар ҷойҳои серодам, бозору марказҳои савдо, корхонаҳои хусусӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар маҳалҳое, ки имкони будубоши шаҳрвандони хориҷӣ мавҷуд аст, рейд гузаронида шуд.

Дар рафти амалиёти санҷишӣ ягон ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта нашуд.

 

                                                                       Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                              дар шаҳри Истаравшан