Забон дони – ҷаҳон донӣ

82 просмотров

Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рўзмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Донистани забони ғайр донистани воқеияти ҳаёти миллати дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Барои омўхтани забони дигар мо бояд, пеш аз ҳама забони модарии хешро ба хубӣ донем. Озодона ҳамаи соҳаҳои ҳаёти худро омўхта аз худ намоем. Зеро бунёди забони модариамон ба осонӣ ба даст наомада.

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ў. 

То наафтанд аз забони хештан. 

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ў. 

То наафтад бар замин қадри сухан. 

Президенти кишварамон  Э. Раҳмон оиди манзалати забони модарӣ чунин гуфта: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин рў бисёр мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кард. Дар қатори омухтани забони миллати хеш омухтани забонҳои дигар низ бе манфиат нахоҳад буд. Дар мавриди донистани забони гайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугу намояд. Аз дарду доғ ва бурду бохти ин миллат чизе омўзад. Рўзномаву маҷалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ кунад. Ё худ ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо рў ба рў нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофарогат эҳсос намояд.

 

 

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,

Ҳама рўзе ба кор ояд забун нест.

Надонӣ гар забони миллати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Имрўзҳо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоҳҳои олӣ, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии кишвар забонҳои гуногуни чаҳонӣ омўхта мешавад. Имрўзҳо тифли дилбанди фарди тоҷик бо чандин забони дунё муошират менамояд. Ба давлатҳои хориҷа рафта, таҳсили илм мекунанд, соҳибмаьлумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва қавми тоҷик манфиати хуб меорад.

Имрўзҳо дар ҷумҳурии азизамон сафоратхонаҳои зиёди давлатҳои дунё арзи ҳастӣ доранд, ки ҳамкориҳои байналхалқии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо ҷонибдорӣ мекунанд. Ин низ, албатта, ба забономўзиву забондонӣ ва робитаҳои зиёди давлатҳо огаҳӣ медиҳад.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, 

Донистани сад забон осон гардад.

Забон донист, ки имрўзҳо фардияти тоҷик бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дустӣ дорад. Ба сафарҳо мебарояд. Мусиқии мардуми тоҷикро ҷаҳониён гуш меандозанд, ҳаловат мебаранд. Фарзанди миллати тоҷик кормандони бузурги давлатҳои тарақдикардаи дунёанд. Аксарияти мардону занони тоҷик дар кишвари Русия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд. Фарзандонашон дар мактабҳои онон таълиму тарбия мегиранд. Имрўз дар гуфтор мардуми тоҷикзабонро аз миллати рус тафовут додан амрест маҳол. Фарди тоҷик дар гуфтугуй бо мардуми эронинажод қариб, ки баробаранд. Фарзанди тоҷик бо забонҳои англисӣ, немисӣ, русӣ, чехӣ озодона дар гуфтугўянд. Ин албатта, фахри давлату миллати тоҷику Тоҷикистониён аст.

Хулоса, забондонӣ – чаҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҳаёт чӣ ғаму дард ва чӣ хўшию шодмонӣ инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст. Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад.

Забондонӣ ба волоӣ расонад,

Зи гумроҳию нодонӣ раҳонад.

Касе к-ў беш омўзад забоне,

Расидан бар муроди дил тавонад.

Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин  забон  асту  ҳеч гоҳ  дар  ягон  маврид дар намемонад.

Забондонӣ дар ягон давру замон падидаи номатлуб нахоҳад буд. Он ҳамеша зарур, поянда ва боиси ифтихори баланд буда, шахси забондон чун шамъи равшангар ва маҷлисороӣ ҳамаи анҷуманҳоро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад.

                                                                       Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                               дар шаҳри Хоруғ