Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамватанон! (табрики З.Шарифӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ)

70 просмотров

Соли равон ба шарофати Соли ҷавонон эълон гардиданаш, ҳамчунин ҷашнҳои фархундаи 20-солагии баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва 26-солагии Иҷлосияи таърихиву тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ шукӯҳу шаҳомати хоса дорад. Бо истифода аз фурсат кулли ҳамватанонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ аз номи кулли кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шахсан аз номи худ муборакбод гуфта, барояшон сарсабзию сарбаландӣ таманно менамоям.

Тавре аҳли ҷомеа огоҳанд, дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз китоби гаронбаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Забони миллат-ҳастии миллат» аз чоп баромад. Аҳли илму фарҳанг бар онанд, ки ин рисола тӯҳфаи хубу арзанда ба муносибати 26-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон буд.

Рисолаи мазкур дар зоти худ ягона буда, тамоми шебу фарозҳои давраҳои гуногуни тараққиёти забони модарии моро фаро мегирад ва бо забони бисёр хуби илмию оммафаҳми тоҷикӣ навишта шудааст. Ба баррасии таърихи 3- ҳазорсолаи забони тоҷикӣ даст задани Пешвои миллат агар аз як ҷониб зарурати забоншиносии таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар гувоҳи он аст, ки мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомии асосии забони тоҷикӣ дар замони муосир мебошанд.

Пешвои муаззами миллат барҳақ таъкид менамоянд: «Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳама ҳолат миллати тоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон-забони модариро аз даст надодааст.

            Фаромӯш накунем, ки ҳурмати забон ҳурмати модар аст, ҳурмати Ватан ва ифтихори давлатдории миллӣ аст».

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расониданд.

Дар моддаи 3-юми қонуни мазкур, бандҳои якуму дуюм омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, забони давлатиро донад».

Бале, забони модарии мо боиси ифтихор сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгони мост. Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ бори дигар аҳли диёрро самимона муборакбод менамоям. Орзуманди онам, ки ҳар кадом дӯстдори забони модарӣ баҳри пойдорӣ ва бештар мавқеи сазовор касб намудани ин каломи оламшумули бузургони олами маонӣ ҷаҳду талоши рӯзафзун ба зуҳур меоранд.

Фаромӯш насозем, ки:

 Дар ҷаҳон ҳар миллатеро зинда медорад забон,

 Бо забон пайванд мегардад замоне бо замон.

 

                                                                     Бо камоли эҳтиром,

                                                Сардори Раёсати ХМ дар вилояти Суғд

                                                                                      Зайнура Шарифӣ