Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ

47 просмотров

Ҳафтаи равон низ дар самти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатии вилояти Суғд ба Федератсияи Русия ҶС “Иттиҳодияи автовокзалҳо” пешсаф мебошад. Аз ҷумла, 3 октябр ҶС “Иттиҳодияи автовокзалҳо” 20 нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар ҳайати 2 гурӯҳ ба шаҳрҳои Москва (6 нафар) ва Красноярск (14 нафар) сафарбар кард. Ин муҳоҷирони сафарбаргардида сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буда, мӯҳлати муҳоҷирати онҳо 1 сол пешбинӣ шудааст. Субъекти хоҷагидори мазкур муҳоҷиронро танҳо ба ҷойи пешбинишуда мерасонад. Онҳо худашон мустақилона ҷойи зист ва ҷойи кор меёбанд. Ҳамчунин расмикунонии муҳоҷирати меҳнатиашон ба зиммаи худашон мебошад.
Дар ин радиф ҶДММ “Мирзо ва К” 33 нафар муҳоҷирони меҳнатиро, ки ҳамаашон сокинони ноҳияи Спитамен мебошанд, дар ноҳияи Дмитрови вилояти Москва бо корҳои мавсимӣ таъмин намуд. Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин ноҳия 4 октябри соли равон ба роҳ монда шуд.
Раёсати ХМ дар вилояти Суғд