Ҷамъбасти 9-моҳа дар Раёсат

49 просмотров

Ҳафтаи сипаригашта дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода ҷамъбасти фаъолияти 9-моҳа баргузор гардид.

Дар ҷаласа Сардори Раёсат аз натиҷаи фаъолияти 9-моҳа гузориш дод. Гуфта шуд, Раёсат дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», дастуру фармоишҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират вобаста ба самтҳои фаъолият ва қарору супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои муҳоҷират ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Инчунин, сардорони Шуъбаҳо аз натиҷаи кор дар назди Сардори Хадамот аз фаъолияти шуъбаҳо дар 9-моҳи соли равон гузориш доданд.     Дар фарҷоми ҷаласа бахшида ба ҷашни Иди забони тоҷикӣ, ки дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-октябр ҷашн гирифта мешавад, муовини сардори Раёсат Элмурод Турсунов ҳозиринро табрик намуда барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани забони давлатӣ кормандонро ҳидоят намуд ва таъкид кард, ки бемасъулиятӣ зоҳир накарда мисли гавҳараки чашм забонро нигоҳ доранд.

                                                             Азиза Эсанова

                           корманди масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                         дар шаҳри Душанбе