Ҳайати ҲХДТ дар Фестивали «Рўзи фарҳанги миллӣ» дар Санк-Петербург иштирок намуд

35 просмотров

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, як ҳайати ҳизбӣ ҷиҳати вохўрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дорад. Аъзои ин ҳайат, ки ба он раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода низ шомил аст, дар Фестивали «Рўзи фарҳанги миллӣ» иштирок намуда, аз намоиши «Бозори шарқ», ки дар Санкт-Петербург баргузор шуд, дидан намуданд. Пас аз боздиди намоиш бо донишҷўёни фаъоли тоҷики аъзои Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Ҷомеаи донишҷўёни ҷавони тоҷик» (РОО «МОСТ») вохўрии пурмуҳтаво доир гардид.

Абдулло Раҳмонзода дар вохўрӣ зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар ба омўхтани илму дониши замонавӣ фаро гирифта шудаанд. Мавсуф вобаста ба муҳимтарин таҳаввулот дар ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик – ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори андеша намуда, иброз дошт, ки маҳз аз ин роҳ мардуми тоҷик аз зери бори нангу номуси дурўғин раҳо гардида, зиндагии муътадил ва бе зиёдаравию худнамоиро пеш гирифт.

Ин қонун бештар ба манфиати ҷавонон буда, ба онҳо дар пешрафти зиндагӣ ва оғози ҳаёти мустақилона кумаки арзанда мерасонад.

Зимни вохўрӣ вобаста ба масоили гузариш ба низоми кредитии таҳсил, таҳияи ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон, кушодани намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар Федератсияи Россия ва мусоидати ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар барқарор кардани робитаи  Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Ҷомеаи донишҷўёни ҷавони тоҷик» бо воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҷиҳати ба ҳамватанон муаррифӣ кардани дастовардҳои донишҷўён табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамзамон аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар муқовимат бо ақидаҳои ифротӣ фаъол бошанд ва пеши роҳи гаравидани ҳамсолонашонро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гирифта, дар ҳар гуна роҳпаймоиву ҳамоишҳои шубҳаноки ғайрирасмӣ, хусусан дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ иштирок накунанд.

                                                                                              АМИТ «Ховар»