Корҳои иттилоотӣ дар Мастчоҳ

116 просмотров

Дар Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ тибқи барқияномаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 12.05.2017, №16/1-220 гурӯҳи корӣ ташкил шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони ҷомеа мунтазам чорабиниҳои маърифатӣ доир намуда истодааст. Мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳо пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мебошад.

Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бо иштироки 25 нафар шаҳрвандон мулоқот доир гардид. Дар назди ҳозирин сардори Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ Р. Қурбонов суханронӣ намуда, оид ба қоидаҳои муҳоҷирати бехатар маълумот дод ва аҳли толорро барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мубориза алайҳи падидаҳои номатлуб ва ривоҷи бунёдкорию созандагӣ даъват кард.

Ҳамин гуна чорабинӣ бо иштироки 30 нафар шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Обшорон низ доир шуд.

                                                               Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                          дар ноҳияи Мастчоҳ