Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Гулистон

117 просмотров

Чанде пеш бо ибтикори Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон чорабинии иттилоотии мушатарак гузаронида шуд.

Мавзӯи асосии он муҳоҷирати бехатар, омодагии пеш аз сафар ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои эктриместӣ буд. Раисони маҳаллаҳо, донишҷӯёну хонандагони синфҳои болоӣ, имомони масҷидҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо, ҳамзамон фаъолони ҷамоат, ҷамъ 70 нафар дар чорабинӣ ширкат варзиданд.

Дар назди иштирокчиён сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Р. Раҳимов, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ғ. Юлдошев, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Ш. Исроилҷонзода ва мудири Бахши ҷавонон ва сайёҳӣ С. Аҳмадзода суханронӣ карданд.

Баъди шунидани баромадҳо дар байни иштирокчиён ва баромадкунандагон музокира барпо гардид.

                                                              Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                            дар шаҳри Гулистон