Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ идома дорад

125 просмотров

Аз 20 то 27-уми октябр дар самти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз қаламрави вилояти Суғд дар мувофиқа бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят тариқи субъектҳои хоҷагидор ба Федератсияи Русия ҶС “Иттиҳодияи автовокзалҳо” ва ҶДММ “Суғдиён Помир тур” фаъолият намуданд.

Аз ҷумла, ширкати “Иттиҳодияи автовокзалҳо” 25 нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар ҳайати 5 гурӯҳ ба шаҳрҳои Москва, Красноярск, Екатеринбург ва Челябинск ба мӯҳлати 1 сол сафарбар кард. Муҳоҷирони сафарбаргардида сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буданд.

Дар ин радиф ҶДММ “Суғдиён Помир тур” 15 нафар муҳоҷирони меҳнатии ноҳияи Аштро ба шаҳри Перм сафарбар намуд.

                                                            Раёсати ХМ дар вилояти Суғд