Ҷашни Конститутсия дар Хадамоти муҳоҷират

117 просмотров

            «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, Истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни асосии кишвар сабт менамояд». Ин нукта дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 23 – юмин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар Хадамоти муҳоҷират 3 ноябр доир гардид, зикр карда шуд.

Дар он Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода баромад намуда иброз дошт, ки Конститутсия санади асосии давлатдорӣ, муҳимтарин рукни низоми ҳуқуқии кишвар, роҳнамои рушди мамлакат ва муаррификунандаи давлат ба ҳисоб меравад. «Имрӯз аксарияти давлатҳои ҷаҳон барномаи давлатсозӣ ва тақдири минбаъдаи халқу миллати худро маҳз тавассути Конститутсия муайян намуда, дар доираи он ормонҳои миллии худро амалӣ менамоянд», – гуфт Тоҳир Каримзода ва ҳамчунон афзуд, ки «Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои бузург ва нодири халқи тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад».

Ба андешаи Т. Каримзода Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил шинохта шуда, Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори дигар конститутсияҳои ҷаҳон аз беҳтаринҳо эътироф гардидааст.

Ў ҳамчунон баён намуд, ки «дар асоси меъёрҳои Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иродаи халқ як қатор қонунҳои миллӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат», Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардиданд, ки мояи ифтихор ва нишонаи ҳувияи миллии мардуми тоҷик мебошанд».

Иштирокдорони ҷамъомад ёдовар шуданд, ки 6 ноябри соли 1994 дар таърихи мардуми тоҷик ҳамчун санаи сарнавиштсоз сабт шудааст, зеро дар ин рӯз аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар арзишҳои муқаддас барои эҳёи таъриху маданияти ин миллат нақши муносиб гузошта, дастовардҳои арзишманди миллиро пуштибонӣ кард ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Дар хатми баромад Сардори Хадамот кормандонро ба муносибати 23-юмин солгарди Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба ҳама хонаи обод ва саломатии бардавом орзу намуд.

                                                                                   Анвар Юсупов
                                                   хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»