Маҳсулоти кишварзӣ ба кормандони Хадамот

99 просмотров

Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират барои қонеъ гардонидани дастархони кормандон аз маҳсулоти кишварзӣ, аз қабили катошка, пиёз, сабзӣ, карам, гулкарам, инчунин намаки ошӣ таъмин намуд.

Бояд гуфт, ки маҳсулоти зикргардида аз хоҷагии деҳқонии «Баҳористон»-и ноҳияи Лахш оварда шудааст. Ба кормандони дастгоҳи марказии Хадамот бо нархи аз бозор нисбатан арзон 3,5 тонн картошка, 2,5 тонн пиёз, 1 тонн сабзӣ, карам, гулкарам ва намаки ошӣ пешниҳод гардид.

Роҳбарияти Хадамот тасмим гирифтааст, ки чунин иқдоми нек, барои ғани гардонидани дастархони кормандон идома хоҳад ёфт.

  •                                                              Анвар Юсупов
  •                                          хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»