Муҳоҷири меҳнатӣ дар бораи бемории сил ва табобати саривақтии онро бояд донад!

91 просмотров

Муҳоҷирони азиз, саломатии Шумо кафолати пешравии коратон берун аз Ватан мебошад. Дар баъзе давлатҳо бемории сил сабаби манъ гардидани дохилшавии шахс ба он давлат ё депортатсия шуда метавонад.

Барои ҳамин, гузаштан аз ташхиси тиббӣ пеш аз сафар ба хориҷа ва пас аз бозгашт зарур аст. Шумо бояд боварии комил дошта бошед, ки солим ҳастед. Дар хотир доред, ки бемории сил танҳо бо доруҳои махсуси зиддисилӣ табобат мешавад. Ягон табиби халқӣ бо гиёҳу алафҳо ё равғану гўшти  ҳайвонот шуморо аз бемории сил наҷот дода наметавонад. Бемории сил тез авҷ гирифта, бемор дар ҳолати вазнин дарёфт мешавад, ки ин ҷараёни табобатро душвор мегардонад. Ҳангоми табобати халқӣ ва ё пинҳон намудани бемории сил, ҳолати бемор бениҳоят вазнин шуда, шахси бемор метавонад фарзандон ва наздиконашро ба ин беморӣ гирифтор кунад.

Аз тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ бори дигар таъкид карда мешаванд, ки бе масъулиятӣ зоҳир нанамуда дар ҳолати пайдо шудани яке аз нишонаҳои сил, ҳатман ба мутахассиси соҳаи силӣ минтақавӣ муроҷиат намоянд.

 

 

  •                                                 Фирдавс Бозоров
  •                                               сармутахассиси Шуъбаи
  • қабул ва маслиҳатдиҳӣ
  •                                  ба муҳоҷирони меҳнатии
  • Раёсати Хадамоти муҳоҷират
  •                                                дар шаҳри Душанбе