Аз қонунгузории муҳоҷирати меҳнатӣ огаҳ бошед!

278 просмотров

Зимни ҳар як вохўрӣ  бо мусофирон дар фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе кормандони Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба  муҳоҷирон дар ҶСК  «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе» – и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе дар мавзўи «Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия» ҳамсуҳбат мегарданд.

Боят гуфт, ки  ҳамарўза аз тарафи кормандони Шуъба ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки азми сафари Русия дорад, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ба он бо тариқи ройгон 13 – намуди буклетҳои гуногун оид  ба қонунгузории Федератсияи Русия ва чӣ гуна рафтор намудан дар ин кишвар супорида, маслиҳатҳои муфид дода мешавад.

Дар ҳар як баромади хеш кормандони масъули Шуъба мегуянд, мушкилие, ки шаҳрвандони мо дар Русия доранд, ин надонистани забони русӣ, риоя накардани қонунҳои кишвар, надоштани корди муҳоҷиратӣ ва ғайра мебошад. Онҳо таъкид менамоянд, ки пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ҳар як сокини мамлакат боят ҳатман забони давлати воридшударо донад ва аз қонунҳои он бархурдор бошад.

Дар фарҷоми ҳар як суҳбат ба иштирокчиён буклетҳо, аз қабили «Пеш аз сафар бидон», «Роҳнамо оид ба касбомўзии муҳоҷирони меҳнатӣ», «Навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷиратии ФР», «Как получить разрешение на работу» ва ғайра тақдим карда мешавад.

                                                                         Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе