Ҷамъбасти натиҷаҳои чорабиниҳои ҷашнӣ

128 просмотров

            20 ноябр бо иштироки сардорони шуъбаву бахшҳо ва кормандони масъули дастгоҳи Раёсат ҷаласаи кории назди Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд З. Шарифӣ доир гардид, ки асосан ба масъалаи иштироки кормандон дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида шуд.

Сардори Раёсат бори дигар иштирокчиёнро ба муносибати ҷашнҳои моҳи ноябр ва ташрифи Пешвои миллат ба вилоят муборакбод намуда, барояшон сарсабзию хонаободӣ таманно кард. Таъкид гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба қабули меҳмонони олиқадр ҳамаи нафарони вобасташуда вазифаи худро софдилона ба ҷо оварданд.

Дар идомаи маҷлис Сардори Раёсат оид ба иҷрои супоришҳои қаблӣ пурсиш ба амал оварда, вобаста ба таъмини нақшаҳои корӣ ва ҷамъбасти фаъолияти 11- моҳа дар назди ҳозирин вазифагузорӣ намуд.

 

                                                            Раёсати ХМ дар вилояти Суғд