Вохўрии навбатӣ дар Файзобод

126 просмотров

Имрўзҳо ҳайати кории МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар мавзўи шомил нагаштани ҷавонон ба гурўҳҳои экстремистиӣ террористӣ вохўриҳо баргузор менамоянд.

Чанде пеш чунин як вохўрии навбатӣ дар толори Литсеи касбии №24 – ноҳияи Файзобод баргузор гардид. Дар он муовини директори Марказ Ҷамшед Қаландаров, сармутахассис Фирдавс Ҷалилов ва ҳуқуқшинос Дилшод Убайдов, инчунин донишчуён ва омўзгорони литсей иштирок намуданд.

Зимни баромади хеш муовини директори Марказ Ҷамшед Қаландаров донишҷўёнро аз вазъияти кунунии геополитикӣ, ҷавононро ба доми худ кашидани гурўҳҳои манфиатхоҳи террористиву экстремистӣ, ҳодисаву воқеаҳои даҳшатборе, ки дар ҷаҳон дар пайи ихтилофоти диниву мазҳабӣ ба вуҷуд омада истодаанд, огоҳ намуда, ҳамзамон онҳоро ба ватандўстиву садоқат ба арзишҳои давлатдорӣ даъват намуд. Дар ин радиф бо донишҷўён оид ба равандҳои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон суҳбат намуда, моҳияти тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшударо шарҳ дод. Ғайр аз ин аз донишҷўён даъват ба амал оварда шуд, ки шахсоне, ки ба кишвари Русия нияти сафари муҳоҷирати меҳнатӣ дорад, қонунҳои онро риоя намуда, дар ҳар гуна гирдиҳамоиҳову дасисаҳо иштирок накунанд.

Муовини директори Марказ иброз намуд, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бо чашми сар ҳолу аҳволи шахсони гумроҳшударо, ки ба доми гурўҳҳои ифротӣ афтида, ба Сурияву Ироқ рафта буданд, дидаанд ва мутмаинанд, ки бадхоҳони давлату миллат онҳоро гумроҳ карда наметавонанд. Зеро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст.

Донишҷўён иброз доштанд, ки тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шояд аз ҳама бештар ба манфиати онҳо бошанд. Зеро баъзан мешуд, ки маблағи заҳмати яксолаву дусолаи онҳо дар як маърака харҷ шуда, боз барои чипта харидану дубора ба Русия ба кор рафтан маблағ қарз мекарданд. Бо шарофати ин қонун дигар аз бори нангу номуси дурўғини тақлид ба ҳамсояву хешу табори сарватмандашон озод шуда, бо меҳнати ҳалоли худ фарзандонашонро дар роҳи илмомўзиву маърифатмандӣ тарбия месозанд, буҷаи оилавӣ ташкил мекунанд, хонаву дари худро таъмир менамоянд ва дар маҷмўъ, дороиҳояшонро мақсаднок истифода мебаранд.

Сафари ҳайати гурўҳи кории МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар ш. Душанбе дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  идома дорад.

                                                                 Фирдавс Ҷалилов

                                              сармутахассиси МД «Марказҳои машваратӣ ва

                 омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар ш. Душанбе