Танҳо ба манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ равона карда шудааст!

63 просмотров

Кормандони Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Душанбе корҳои иттилоотонӣ ва фаҳмондадиҳиро танҳо ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ равона кардаанд.

Тавре  сардори баст сармутахассиси Шуъба Рустам Маҳмадов қайд намуд, кормандони масъул Беҳруз Каримов ва Наҷмиддин Азизов дар басти кории худ бо даҳҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Русия доранд вохўриҳо барпо намуда, суҳбатҳои муфид мегузаронанд. Пеш аз ворид шудани муҳоҷирон ба толорӣ гумрук, онҳо бо ҳар як сокини кишвар дар алоҳидагӣ оид ба будубош, тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ ва огоҳкунии шомилшавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба созмонҳои ғайриқонунӣ байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи диниву мазҳабӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва ба бар накардани сару либоси ба милати мо бегона суҳбатҳо намуда, ба онҳо буклетҳо тақдим менамоянд. Ба ғайр аз ин, ба онҳо гуфта мешавад, ки пеш аз ҳама, онҳо бояд гирифтани патент ва суғуртаи тиббиро фаромўш накунанд, ки дар қаламравӣ Русия ошкорро (легально) кору фаъолият намоянд.

Кормандони Шуъба саъю кўшиш намуда истодаанд, ки ҳар як дақиқаву сония кумаки хешро нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони мамлакат дареғ надоранд.

 

Саидзода Муҳаммад

корманди масъули Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ш.Душанбе