Чорабинии муштарак дар “Хушбахтӣ”

37 просмотров

Ташкилоти ҷамъиятии “Солимӣ” дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабании маърифатии навбатиро доир намуд. Он дар қаҳвахонаи “Хушбахтӣ”-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ходимони дин доир ба бемории ВНМО (СПИД) ҷарраён гирифт.

Зиёда аз 60 нафар иштирокчиён намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи тандурустӣ ва ходимони дин буданд.

Дар рафти конфронс асосан масъалаи татбиқи самтҳои афзалиятноки Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 муҳокима ва баррасӣ шуд.

Дар ин чорабинӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро сармутахассиси Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Р. Раҳимов намояндагӣ кард.

 

                                                                        Раёсати ХМ дар вилояти Суғд