Ярмаркаи ҷойҳои холии кор

310 просмотров

Бо ташаббуси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Маркази таълими калонсолон, Шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД ва Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар бинои литсейи №4, Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ ярмаркаи ҷойҳои холии кор доир гардид.

Дар ярмарка 530 ҷойҳои холии корӣ бо маоши аз 400 то 2500 сомонӣ ба корҷӯён пешниҳод шуд. Ҳамагӣ ба чорабинӣ 180 нафар шаҳрвандон ташриф оварданд. Аз ҷумлаи онҳо 6 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд ва 40 нафар барои касбомӯзӣ номнавис гардиданд.

Дар рафти ярмарка мутахассиси Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара М. Ваҳобзода корҷӯяндагонро бо ҷойҳои холии кории аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” пешниҳодгардида ва қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатии бехатар шинос намуд.

Ташкил ва гузаронидани чунин ярмарка дар дигар ҷамоатҳо низ пешбинӣ шудааст.

                                                                        Шуъбаи ХМ дар шаҳри Исфара