Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳоҷир дар Хуҷанд

380 просмотров

Дар асоси супориши Сардори Хадамоти муҳоҷират ва нақшаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 15 декабр маҷлиси  тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир доир гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ ҳамчун намояндаи МИҲД-и вилоят раиси Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ, директори филиали Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, директори МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, кормандони  дастгоҳи  Раёсат, мудирони  бахшу  шуъбаҳои  Хадамоти муҳоҷират дар  шаҳру  ноҳияҳо, намояндагони як қатор субъектҳои хоҷагидорӣ ба сафарбаркунӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ машғулбуда ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолият баранда иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ оғоз ёфт. Мавсуф изҳор дошт, ки маҳз дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии мо таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ба ҳукми анъана даромад ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон дар маркази диққати Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар идомаи маҷлис, зимни қироати табрикоти Раёсат Зайнура Шарифӣ аз номи роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли муҳоҷиронро ба муносибати рӯзи иди соҳавӣ муборакбод гуфт ва барояшон хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Бо назардошти он, ки як қисми иштирокчиёни маҷлиси тантанавӣ меҳмонони хориҷӣ буданд, табрикоти Раёсатро бо забони русӣ барои онҳо сармутахассиси Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Равшанҷон Раҳимов қироат кард.

Дар ин радиф сардори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом Боҳирҷон Шарипов бо сухани табрикӣ баромад карданд.

Раиси Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ Инъом Усмонӣ ҳамчун намояндаи МИҲД-и вилоят аҳли толорро ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷир муборакбод гуфт ва дар вазъияти тантанавӣ ба муовини Сардори Раёсат Ҷамшед Сайфуллозода, сардорони Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова, Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маҳмадносир Ниёзов ва мутахассиси пешбари Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Фаррух Самадов Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи болозикрро тақдим намуд. Ҳамзамон аз ҷониби ӯ ба Сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ нишони ҷашнӣ бахшида ба 85-солагии иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ супорида шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ҳамкории пурсамар директорони генералии Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент», корхонаи муштараки «Зарафшон» ва директори иншооти Филиали ширкати хитоии роҳи оҳани «Уъцзюй» дар Тоҷикистонро бо Сипоснома, директорони Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Мирзо ва К» ва «Суғдиён Помир тур»-ро бо Ифтихорнома сарфароз гардонид. Қайд шуд, ки ин ду субъекти хоҷагидор дар самтҳои муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо соли равон корҳои ҷолибро ба анҷом расониданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Раёсат барои нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ сардорони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан, дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Истаравшан, Деваштич ва Ашт бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Аз номи меҳмонони даъватшуда  директори филиали Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа Зӯҳро Юсупова аҳли толорро ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷир табрик гуфт ва барои ҳамкории босамар ба Сардори Раёсат ва сардорони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо миннатдорӣ баён кард.

Маҷлиси тантанавиро Зайнура Шарифӣ ҷамъбаст намуда, бори дигар ба ҳамаи иштирокчиён барору комёбӣ хост.

 

                                                                  Раёсати ХМ дар вилояти Суғд