Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир

91 просмотров

Дар асоси супориши Шуъбаи таҳлил ва иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 20 декабр барномаи «Сухани рӯз»-и радиои вилоятӣ ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир бахшида шуд.

Дар ин барнома Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро сармутахассиси Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Равшанҷон Раҳимов намояндагӣ кард.

Барномаи тариқи мусоҳиба доир шуд. Дар рафти саволу ҷавоб намояндаи Раёсат оид ба вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилоят, ҳолати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, корҳои иттилоотию фаҳмондадиӣ ва дигар самтҳои фаъолияти сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират маълумот дод.

Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур қаблан низ чандин маротиба ба масъалаҳои муҳоҷират бахшида шуда буд.

 

                                                                Раёсати ХМ дар вилояти Суғд