Тамошои муташаккилонаи Паёми Президент

175 просмотров

Барои тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омода гардида буд.   22 декабр кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ дар он ҷо муташаккилона Паёми Пешвои муаззами миллатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Кормандони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират бошанд, Паёмро дар толорҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар радифи дигар хизматчиёни давлатӣ тамошо намуданд.

Раёсат ва сохторҳои зертобеи он Паёми Президентро чун роҳнамо ва дастури амал қабул намуда, тасмим гирифтанд, ки дар рафти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ мазмуну мӯҳтавои онро ба аҳли ҷомеа мерасонанд.

 

                                                        Раёсати ХМ дар вилояти Суғд