Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ барои шаҳрвандон

360 просмотров

Чанде пеш бо ташаббуси МД “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази пойтахт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид.

Аз ҷониби МД “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон сокинони пойтахт ва меҳмонон 63 адад ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардид. Дар маҷмўъ дар ярмарка 450 нафар корҷўён, аз он 65 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуданд. Ба 60 нафар роҳхат барои кор ва 20 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд.

Аз тарафи Марказ ҷойҳои кории холӣ дар Федератсияи Русия, аз ҷумла шаҳрҳои Санкт-Петербург, Мурманск ва Челябинск низ пешниҳод гардид. Бояд гуфт, ки айни замон ҳуҷҷати 11 нафар корҷў ба шаҳри Санкт-Петербург, Мурманск- 8 нафар ва Челябинск – 6 нафар фиристода шуд. Аз тарафи Марказ 22 – нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар фарҷом ба ҳозирин қоидаҳои будубош дар кишвари қабулкунанда ва муҳоҷирати меҳнатии бехатар фаҳмонида дода шуд.

Ташкил ва гузаронидани чунин ярмарка дар дигар минтақаҳои шаҳри Душанбе низ пешбинӣ шудааст.

 

  •                                                                              Бону Давлатова
  •                                                 машваратчии калон оид бокортаъминкунӣ
  •                                          МД “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз
  •                                      сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе