З. Шарифӣ: Паёми Пешво – роҳнамои зиндагии шоиста

656 просмотров

22 декабр кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳбаландӣ шуниданд.

Паёми имсолаи Сардори давлатро низ мо – кормандони соҳаи муҳоҷират чун роҳнамо ва барномаи амал барои соли 2018 ва солҳои минбаъда қабул намудем. Бояд гуфт, ки чорабиниҳои нақшаи кории Раёсат барои нимсолаи аввали соли 2018, ки дар асоси нақшаи кории Хадамоти муҳоҷират таҳияву тасдиқ мегардад, қабл аз ҳама ба иҷрои супоришу вазифагузориҳои Паёми мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигаронида мешавад.

Дар Паёми имсола таъқид шуд, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи шуғл ва таъсиси ҷойҳои корӣ диққати махсус дода, дар ин самт якчанд барномаҳои давлатиро амалӣ намуда истодааст. Чунончї, танҳо дар давоми соли 2017 дар миқёси ҷумҳурӣ 135 ҳазор ҷойи корӣ мавсимӣ, муваққатӣ ва дохилӣ таъсис дода шудааст.

            «… аммо ин мушкилоти нарасидани ҷойҳои кориро дар мамлакат ҳал карда наметавонад.

            Аз ин рӯ, мо бояд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва тавассути ҳар чӣ бештар ҷалб намудани сармояи дохилию хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим сохтмони корхонаҳои хурду миёна ва азхудкунии заминҳои навро, ки омили муҳаё кардани ҷойҳои кори нав мебошанд, ҷиддӣ ба роҳ  монем.

            Вобаста ба ин, Ҳукумат вазифадор аст, ки ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои хурду миёна тадбирҳои бетаъхир андешад ва дар давоми соли 2018-ум 110 ҳазор ҷойи кори доимӣ, бахусус, барои занону ҷавонон таъсис диҳад»- таъкид намуданд Пешвои миллат.

Дар робита ба ин, роҳбарони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологиҳои нав, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки масъалаи шуғли аъзои ҳар як оилаи кишварро таҳлил карда, ҷалби онҳоро ба соҳаи кишоварзӣ, корҳои хонагӣ, косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, корҳои мавсимӣ ва хизматрасонӣ таъмин созанд.

Дар баробари ин, касбомӯзии калонсолонро ба роҳ монда, дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва оилаи касбӣ марказҳои касбомӯзӣ ташкил карда шаванд.

Дар асоси супориши мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда мешавад. Ин дастгирӣ ва имтиёз аз бисёр ҷиҳат ба паст шудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард.

Падидаи ҷолиб Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 мебошад. Инчунин Сарвари давлат баён доштанд, ки аз моҳи сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои бюҷетӣ зиёд карда мешавад. Дар ин радиф ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаи меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз зиёд карда мешавад, ки далели ғамхории навбатии давлату Ҳукумат нисбат ба аҳолист. Паёми имсола бори дигар нишон дод, ки инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагии ӯ дар Ватани соҳибистиқлоли мо дар ҷои аввал меистад.

Дар радифи дигар аъзоёни ҷомеа мо низ тасмим гирифтаем, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро ба иҷрои вазифагузориҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузорӣ дар татбиқи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона сохта, дар соли 2018 фаъолиятамонро дар тамоми самтҳо густариш медиҳем.