Аёдати собиқадорон дар арафаи Соли нав

586 просмотров

Дар асоси ҷадвали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 27 декабр дар шаҳри Истаравшан аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат роҳандозӣ гардид. Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд З. Шарифӣ ба ҳайси намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят собиқадоронро аёат намуда, табрики Раиси вилоятро ба онҳо расонид ва тӯҳфаи солинавӣ супорид.

Дар умум дар шаҳри Истаравшан 4 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат – собиқ раиси шаҳр Шодиева Зӯҳро, иштирокчии ҶБВ, дорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» Фармонқулов Абдуназар, собиқ говҷӯши колхози «Москва», Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҷамолова Сабоҳат ва собиқадори хизмати давлатӣ, Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипова Фотима аёдат карда шуданд.

Бояд гуфт, ки ин иқдоми шоистаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят боиси сарфарозии собиқадорон гардид ва ҳамаашон ба унвони Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилоят миннатдорӣ баён карданд.

                                                                                  Раёсати ХМ дар вилояти Суғд