Шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои рафтан ба Русия омодагӣ мебинанд

124 просмотров

То фарорасии фасли баҳор қариб ду моҳ монда бошад, алакай як қисме аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кор ба кишвари Русия омодагӣ дида истодаанд. Аз ин ҷост, ки имрўзҳо шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳру ноҳияҳо ҳамеша серодам аст.

Аз ташриф ба зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират, мақсади онҳо ҳарчӣ беҳтару хубтар донистани тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия мебошад. Ба ғайр аз ин, онҳо худро бо системаи «он-лайн» – и ВКД ФР оид ба муҳоҷират ва Хадамоти Федеролии амнияти Русия дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТмесанҷанд.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расониданием, ки санҷишҳои шиносномаҳо дар шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар  вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ш. Душанбе ва ШНТҶ  ба роҳ монда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки бо кумаки Хадамоти муҳоҷират як қисми шаҳрвандони кишварамонро, ки тавассути мақомотҳои дахлдори Федератсияи Русия аз ин кишвар бо сабабҳои гуногун ронда мешаванд, барои муайян намудани онҳо (то кадом мўҳлат ва бо кадом сабаб баргардонидааст) ба унвонии ВКД оид ба муҳоҷират ва Хадамоти Федералии бехатарии Русия мактуби расмӣ ирсол менамоянд, то ба шаҳрвандони мамлакат кўмаки  худро расонанд.

Кордонии кормандони Хадамоти муҳоҷират буд, ки нафаронеро, ки дар рўйхати манъшудагон қарор доштанд аз сафари бебарор ба кишвари Русия огоҳ карда шуданд.

Ба ғайр аз ин, кормандони Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба ҳар як муроҷиаткунандагон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, маводҳои иттилоотӣ оид ба қонунгузории нави  Федератсияи Русияро ба тариқи ройгон супорида, ному насаби онҳоро санҷида, маълумот оиди будубош дар давлати қабулкунанда дода мешавад.

                                                                         Анвар Юсупов

                                            хабарнигори рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”