Баррасии масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ

351 просмотров

Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич бо 21 нафар истиқоматкунандагони Ҷамоати деҳоти Ростровут, деҳаи Даҳкат мулоқот доир гардид. Дар рафти ин чорабинӣ иштирокчиён масъалаи муҳоҷиршавӣ ба ноҳияи Зафарободро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар назди ҳозирин мудири бахш Санавбар Баҳодурова суханрони карда, моҳият ва қоидаҳои муҳоҷиршавӣ аз як ноҳия ба ноҳияи дигар ва дар дохили як минтақаро фаҳмонид. Дар ин радиф доир ба қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатии бехатар, гирифтани сертификат оид ба донистани забони русӣ ва таъриху фарҳанги Федератсияи Русия, патент, полиси суғуртавӣ, гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва ғайра маълумотҳои мушаххас дод. Таъкид намуд, ки соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. Ҳар нафари хоҳишманд метавонад дар курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат касбу ҳунар омӯзад ва савияи забондонии худро баланд бардорад.

Дар интиҳои мулоқот байни маърӯзачӣ ва иштирокчиён суҳбати озод ва саволу ҷавоб доир гардид.

 

                                                        Бахши ХМ дар ноҳияи Деваштич