Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ тавсия медиҳад

322 просмотров

           Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имсол дар Федератсияи Русия мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол баргузор мегардад.

            Бинобар ин аз  25 май то 25 июли соли равон шаҳрвандони хориҷие, ки ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Калининград, Нижний Новгород, Ростови лаби Дон, Самара, Саранск ва Сочии Федератсияи Русия барои будубоши муваққатӣ (ё доимӣ) ва ё фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, бояд дар давоми як шабонарўз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд.

            Бинобар ин  ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар ба шаҳрҳои  мазкури Федератсияи Русия то саршавии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, яъне то 25 майи соли равон бақайгузорӣ дар ҷойи зистро анҷом диҳанд. Бе зарурат аз воридшавӣ ба ин шаҳрҳои Федератсияи Русия дар давраи зикршуда худдорӣ намоянд. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Русия дар ин давра пурзўр гардида, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонанд аз ҷониби мақомоти дахлдор сабаби татбиқи чораҳои қатъӣ нисбат ба онҳо гарданд.

            Вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандони мамлакат  метавонанд бо телефонҳои зерин тамос гиранд:

            Хадамоти муҳоҷират – 225-05-81; 225-07-19;

            Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират –  44640-19-51; 44640-91-99.

 

                                  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ