Намояндагони ВАО ба саволҳои худ посух гирифтанд

168 просмотров

6 феврал дар толори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон  «Ховар» нишасти матбуоти доир ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 баргузор гардид.

Дар он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода мухтасар дар бораи фаъолияти вазорат дар соли сипаригашта ба намояндагони ВАО ахборот дод.

Ў афзуд, бо назардошти он ки муҳоҷирати муваққатии меҳнатии шаҳрвандони кишвари мо асосан ба Федератсияи Россия рост меояд, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ пайваста дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавридим баррасӣ қарор дода мешаванд.

Моҳи апрели соли 2017, ҷаласаи 12-уми Гурўҳи кори муштараки Тоҷикистону Россия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи муҳоҷират ва моҳи майи соли сипаришуда ҷаласаи Шўрои  роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар соли 2017 аз ҷумҳурӣ 487 ҳазору 737 нафар шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки нисбати соли гузашта 6 фоиз кам мебошад.

Дар ин давра аз хориҷи кишвар 412 ҳазору 660 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан бозгаштанд, ки нисбати соли 2016, 6 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ба маълумоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар соли 2017 ба сохтори Хадамоти муҳоҷират вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират зиёда аз 97 ҳазор нафар шаҳрвандон бо дархост муроҷиат карданд.      Сумангул Тағойзода иброз дошт, ки зиёда аз 4066 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба муҳлати муайян ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар фарҷом Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода ба саволҳои сершумори намояндагони ВАО ҷавобҳои мушаххас дод.

                                                                 Анвар Юсупов

                                              хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»