Мулоқоти судманд дар Хадамоти муҳоҷират

48 просмотров

6 феврал сардори Хадамоти муҳоҷирати  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода коршиносони хориҷиро дар доираи чорабиниҳои якуми татбиқи лоиҳаи ҳамкорӣ бо «Migration EU eXpertise» (MIEUX) дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ баҳузур пазируфт.

Дар ибтидо Тоҳир Каримзода ташрифи меҳмононро ба Хадамоти муҳоҷират хайрамақдам гуфта, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти имрўзаи Хадамот ба таври муфассал маълумот дод.

Сипас, тарафҳо оид ба ҳалли мушкилот ва масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мубодилаи афкор намуданд. Зимни вохўрӣ масъалаҳои ташкил намудани курсҳои омўзишӣ барои кормандони марказҳои машваратӣ омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, гузаронидани вохўрию чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Коршиноси лаҳистонӣ Радослав Кардас, коршиносони Молдова Джана Костачи ва Диана Хинку дар суҳбат бо сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир намуданд: айни замон чанд «Марказ» фаъолият менамояд ва минбаъд чӣ нақшаҳо доранд, фаъолияти  марказҳо аз кадом самтҳо иборат аст, агар ман меҳоҳам ба кишвари Россия сафари меҳнатӣ анҷом диҳам, ба кӣ муроҷиат намоям, агар роҳам баста шуда бошад, ман бояд чӣ кор кунам ва касби муносибро ман дар куҷо метавонам омўзам.

Масъалаҳои ба миёнгузошта аз тарафи Сардори Хадамоти муҳоҷират ба таври мушаххас ҳаллу фасл гардид.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро минбаъд баҳри тақвияти ҳамкориҳо ва амалигардонии ин барнома баён доштанд.

 

                                                           Анвар Юсупов

                                      хабарнигори рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”