Курсҳои такмили ихтисос аз манфиат холӣ нест

243 просмотров

Чанде пеш сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Ҷаҳонгир Исматуллозода курси такмили ихтисосро аз рўи барномаи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ» дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият ба итмом расонида, соҳиби «Гувоҳнома» гардид.

Тавре, ки худи ў арз намуд, тибқи супориши сардори Хадамоти муҳоҷират аз 29 январ то 3 феврали соли равон дар Донишкада омўзгорони пуртаҷриба дар мавзўъҳои: заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар ҶТ, Кодекси одоби хизматчии давлатии ҶТ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ, тартиби таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мақомоти давлатӣ, асосҳои сохтори конститутсионии ҶТ, сиёсати давлатӣ оид ба иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар ҶТ, этикети соҳаи хизмати давлатӣ, давлати иҷтимоӣ ва моделҳои он таҷрибаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон, стратегияи миллии рушди ҶТ, мубориза бо экстремизм ва терроризм: усулҳои ба роҳ мондани кори идеологӣ дар ин самт, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, касбият ва салоҳияти хизматчии давлатӣ дар замони муосир ва ғайра лексия-мубоҳиса гузарониданд.

Ҷ. Исматуллозода аз омўзгорони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, гуфт, ки ин курсҳои такмили ихтисос аз манфиат холӣ нест. Ҳангоми фаъолияти корӣ барои боз ҳам сайқал додани дониши худ кумак хоҳад расонид.

Дар ин курсҳои кўтоҳмуддати такмили ихтисос, чанде аз кормандони ҷавони Хадамот низ фаъолона иштирок намуда, донишу малакаи худро сайқал доданд.

                                                                                       Анвар Юсупов