Самараи хуби ҳамкорӣ

394 просмотров

12 феврали соли равон дар ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара намояндагони МИҲД-и шаҳр, мақомоти суду прокуратура, амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ, ҷамоати деҳот ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Исфара ҷамъ омада, дар чорабинии маърифатӣ ширкат варзиданд. Зиёда аз 120 нафар сокинони ҷамоат, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ  ва аъзои оилаҳои онҳо бо меҳмонон мулоқот намуданд.

Чорабиниро раиси ҷамоат С. Зиёваддинзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, прокурори шаҳр А. Раҳмонзода диққати ҳозиринро ба хатарҳои падидаҳои номатлуб, аз ҷумла қонуншиканию ҷиноятсодиркунӣ, терроризму экстремизм, гароиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ, қочоқи маводи нашъаовар, ҳодисаҳои коррупсионӣ ва бемориҳои гузаранда ҷалб намуд. Таъкид шуд, ки танҳо дар сурати муттаҳидӣ ва сарҷамъии аҳли ҷомеа метавон ба муқобили омилҳои номатлуб мубориза бурд.

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ғ. Бобоев аз рафти татбиқи нақша-чорабиниҳо вобаста ба Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, ҳамзамон қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ва моҳияти Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 09.05.2017, №202 “Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 дар Федератсияи Россия” – ро ба иштирокдорон фаҳмонид.

Дар фарҷом мубодилаи афкор доир гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

                                                                      шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                        дар шаҳри Исфара