Чорабинии муштарак дар Бўстон

250 просмотров

Бо дастгирии МИҲД-и шаҳри Бўстони вилояти Суғд чорабинии муштараки иттилоотӣ-маърифатии бахши Хадамоти муҳоҷират, шуъбаҳои ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бўстон доир гардид. Дар он ба ғайр аз мудирони шуъбаю бахшҳои МИҲД-и шаҳр ҳамчунин имомхатиби масҷиди ҷомеъ, раисони ҷамоату маҳаллаҳо ва волидоне, ки фарзандонашон дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд, ширкат варзиданд.

Мавзўи асосии чорабинии муштарак мубориза ба муқобили экстремизм ва терроризм, ҳамчунин муҳоҷирати бехатар буд. Шахсони ба сухан баромада аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳанўз баъзе ҷавонони ноогоҳ фирефти ваъдаҳои биҳиштӣ шуда, зуд ба доми бадхоҳони давлату миллат афтода, ба номи волидонашон доғ меоранд. Вазифаи ҷонии сохторҳои марбута ва аҳли ҷомеа аз роҳи бад баргардонидани чунин ҷавонон ва минбаъд роҳ надодан ба ҳодисаҳои нангин мебошад.

Иштирокдорон, аз ҷумла сокини шаҳр, Салимзода Искандаршоҳро маҳкум намуданд, ки айни замон дар хориҷа таълими ғайрирасмии динӣ гирифта истодааст.

Дар хотима фикру андешаҳои иштирокчиён ҷамъбаст ва ба саволҳо ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.

                                                                         бахши Хадамоти муҳоҷират                                                                                              дар шаҳри Бўстон