Дарси кушод дар мавзӯи муҳоҷират

150 просмотров

16 феврал дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатии “Мактаби Ирфон”-и шаҳри Хуҷанд дарси кушод дар мавзўи “Ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ” гузаронида шуд.

Дар он хонандагони синфи 11 фаъолона иштирок намуда,  асосан ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ эътибор доданд. Дар давоми дарс хонандагон тариқи саволу ҷавоб, қироати шеър, намоиши саҳначаҳо вобаста ба ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ шинос гардида, сипас изҳори андеша намуданд.

Дар баргузории дарси кушод Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Р. Раҳимов мусоидат карданд.

                                                                Раёсати ХМ дар вилояти Суғд