Муҳоҷир ҳамаҷониба омода бошад

316 просмотров

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дар мактаби таҳсилоти миёнаи №19 ноҳияи Синои пойтахт мулоқоти судманд бо сокинони ноҳия, хонандагон, волидайни онҳо ва омўзгорон баргузор гардид. Дар ин чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ намояндагони бахши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураи ноҳия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази шаҳрии бемориҳои пўст ва зуҳурравӣ ширкат варзиданд.

Дар назди иштирокчиён намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, ёрдамчии прокурори ноҳия, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази шаҳрии бемориҳои пўст ва зуҳурравӣ, инчунин кормандони Маркази машваратӣ сухан гуфта, мубодилаи афкор намуданд.

Дар вохурӣ оид ба масъалаҳои доғи рўз, зарурияти муайян намудани вазъи саломатӣ пеш аз сафар, ҷойи кор ва зист дар хориҷи кишвар, бо корфармо бастани шартномаи меҳнатӣ, дастрас намудани маълумотҳои саҳеҳ оид ба корфармо, санҷиши иҷозат барои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби ширкатҳо, вакансияҳои пешниҳодшаванда, гирифтани маълумот ва сертификати донистани забони русӣ дар муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тартиби пур кардани корти муҳоҷиратӣ дар сарҳади Федератсияи Россия, муҳлати иқомат, бақайдгирии муваққатӣ дар ҷойи зист, гирифтани патент дар ФР ва ғайра маълумоти муфассал дода шуд.

Зимни баромад корманди МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе Артур Марупов ба ҳозирин моҳияти Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 09.05.2017, №202 “Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 дар Федератсияи Россия” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти № 776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»  – ро фаҳмонида, аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки ҷавононро аз ин зуҳуроти номатлуб эмин нигаҳ доранд.

Дар фарҷом мубодилаи афкор доир гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

                                                                                     Анвар Юсупов                                                                                    хабарнигори рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”