Оғози сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ

370 просмотров

19 феврали соли равон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҶДММ “Суғдиён Помир тур” аввалин гурўҳи муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Россия сафарбар кард.

Ба ҳайати гурўҳ 15 нафар сокинони ноҳияи Ашт шомил буда, онҳо аз рўи нақша дар шаҳри Тюмен ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мешаванд. Муҳлати муҳоҷирати гурӯҳ аз 3 то 8 моҳ мебошад.

Сафарбаркунии оммавии муҳоҷирони меҳнатӣ бошад аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор асосан моҳҳои апрел-май оғоз меёбад.

                                                               Раёсати ХМ дар вилояти Суғд