Дастуру маълумот барои муҳоҷирони меҳнатӣ

375 просмотров

Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон дастур барои муҳоҷирони меҳнатӣ «Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)»-ро бо теъдоди 10 000 (даҳ ҳазор) аз чоп баровард.

Тавре аз муассиса хабар доданд, бо кумаки ташкилоти мазкур инчунин ба миқдори 14 000 (чордаҳ ҳазор) Ёддошт дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва маҳдудиятҳои воридшавии онҳо ба 11 шаҳри Федератсияи Россия ҳангоми гузаронидани Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол FIFA 2018 аз 25 май то 25 июли соли 2018 аз чоп баромад.

Аз ҷониби Лоиҳаи ҲОУП дар ҳамкорӣ бо Маркази машваратӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва USAID ба миқдори 6000 (шаш ҳазор) буклет бо номи «Бемории сил табобатшаванда аст» ва 1000 (ҳазор)  китобча бо маълумот оид ба пешгирии бемориҳои сил ба муҳоҷирон дастрас гардонда мешавад.

Матолиби чопшуда тавассути сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои расондан ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми гузаронидани вохўриҳо фиристода шудаанд.

                                                                              Анвар Юсупов                                                                                         хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»