ҶДММ “Мирзо ва К” кор таъмин мекунад

271 просмотров

ҶДММ “Мирзо ва К” аз ҷумлаи субъектҳои хоҷагидори амалкунандаи вилояти Суғд, дар асоси Иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият менамояд.

26 феврали соли равон аз ҷониби ин ширкат гурўҳҳои нахустини муҳоҷирони меҳнатӣ барои бо ҷойи кор таъмин кардан ба Федератсияи Россия сафарбар карда шуданд.

Сафарбаршудагон 229 нафар буда, асосан сокинони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен мебошанд. Тибқи шартнома онҳо дар вилояти Волгоград ба корҳои мавсимии кишоварзӣ машғул мешаванд.

                                                                     Раёсати Хадамоти муҳоҷират                                                                                                 дар вилояти Суғд