Истиқболи Рӯзи Модар дар Хадамоти муҳоҷират

281 просмотров

7 март ба ифтихори Рўзи Модар дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода иброз дошт, ки занону модарон инъикосгари симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар як давлату миллат буда, олитарин неъмати башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рўи замин мебошад. Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар аз муҳаббати модари худро дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат офарандаи инсону ҳаёти гуворо мебошад.

Чуноне Асосогузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд карданд, «Модар азизтарин вуҷуди рўи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ў оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст».

Дар ҳақиқат, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ў оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гўяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кўдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.

Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дўстиву рафоқат ва некиву накукориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондўст ва ватанпарвар ба камол расад.

Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд.

Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому мартабаи ў қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст. Боиси ифтихор аст, ки дар хизмати давлатӣ дар Хадамоти муҳоҷират ҳамроҳи мо 46 нафар бону пурмаҳсул кору фаъолият доранд, – афзуд Т. Каримзода.

Ҳамчунин дар ҷамъомад кормандони дастгоҳи марказии Хадамот Шодихўҷа Нозимов, Беҳрӯз Ҳакимзода, Собир Мирзоалиев, Моҳсанам Маҳмадалиева ва дигарон дар васфи модар суханронӣ намуда, бонувонро ба Рўзи Модар табрик гуфтанд.

Сипас, филми мустанад бахшида ба Рўзи Модар ба ҳозирин пешкаш гардид.

Дар фарҷом ба бонувони Хадамоти муҳоҷират туҳфаҳои идона тақдим гардид.

                                                                       Анвар Юсупов                                                                                     хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»