Шарҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муқаррароти созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи муҳоҷират

186 просмотров

Тавре маълум аст, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ зери назорати доимӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Солҳои охир бо мақсади истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва таъмини диверсификатсияи (гуногунсамтӣ) муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо як қатор давлатҳои хориҷӣ дар ин самт созишномаҳои ҳамкорӣ баста шудаистодаанд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз кишварҳое маҳсуб меёбад, ки шаҳрвандони мо дар ин давлат кор ва будубоши муваққатӣ доранд. Аз ҷумла, мутобиқи маълумоти рафту омади шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017-ум 12 ҳазору 336 нафар шаҳрвандони кишварамон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуданд. Илова бар ин, дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон тоҷикони бурунмарзӣ (сокинони муқимӣ) истиқомат дошта, ба фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкорӣ машғуланд. Айни замон дар ин кишвар 8 диаспора ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон расман фаъолият менамоянд, ки бо онҳо робитаҳои зич ба роҳ монда шудааст.

Бо назардошти ин, дар асоси супориш аз ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз 12 феврали соли 2018 бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон лоиҳаҳои созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷрои он, дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҳия гардидаанд.

Санадҳои мазкур дар ҷараёни сафари расмиии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон рўзҳои 14 – 15 марти соли 2018 ба имзо расонида шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки санадҳои баимзорасида ба тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон будубош ва фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ҳамкорӣ миёни сохторҳои ваколатдори ҳар ду давлат дар танзими масъалаҳои муҳоҷират ва дар ин замина мустаҳкам намудани робитаҳои дустии тарафайн равона гардидаанд, аз ҷумла:

  1. Мутобиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷрои он мақомоти ваколатдори Тарафҳо тибқи тартиб ва шартҳои муайяншуда супоридан ва қабули шаҳрвандони Тарафҳоро, ки дар қаламрави давлатҳои якдигар ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, ба амал мебароранд.
  2. Дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳо ҳангоми ворид гардидан ба қаламрави давлатҳои якдигар ба муҳлати 30 рўз аз бақайдгузорӣ дар маҳали будубош озод карда шуда, муҳлати будубоши онҳо аз рўзи убури сарҳади давлатӣ то 90 рўзи тақвимӣ муайян карда шудааст.

Ин муқаррароти Созишнома ба шаҳрвандони Тарафҳо, бахусус шаҳрвандони ҷумҳурии мо, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, барои расмикунонии будубошашон шароити мусоид фароҳам меорад. Зеро, қаблан муҳлати бақайдгузорӣ барои шаҳрвандони кишвари мо дар ин давлат 5 рўз ва муҳлати умумии будубош бошад 1 моҳ муқаррар гардида буд. Дар ин муҳлати кутоҳ аксари шаҳрвандони мо дар ин давлат аз сабаби надонистани қонунгузории ин кишвар ва ё рост омадани давраи сафари онҳо ба рўзҳои истироҳатӣ ва дигар монеаҳои объективию субъективӣ имкони бақайдгузорӣ дар ҷои иқоматро надоштанд. Ин боиси вайрон намудани қонунгузории ин давлат ва ташвиши онҳо гардида, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешуданд. Дар бисёр ҳолат чунин шаҳрвандон аз ин кишвар ба тариқи маъмурӣ берун карда мешаванд.

Мавриди амал қарор гирифтани санади мазкур мушкилоти зикршударо аз байн мебарад. Яъне минбаъд шаҳрвандони мо дар ин кишвар дар муҳлати 30 рўзи муайяншуда аз бақайдгирӣ озод буда, дар сурати будубоши онҳо зиёда аз ин муҳлат дар маҳали иқоматашон ба қайд гирифта мешаванд, ки муҳлати будубоши онҳо дар ин давлат 90 рўзро ташкил медиҳад. Дар сурати машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ бошад, шаҳрвандони мо метавонанд дар ин давлат бо гирифтани иҷозати кор муҳлати будубошашонро ба 1 сол тамдид намоянд.

  1. Тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҳуқуқ пайдо менамоянд, ки мубодилаи иттилоотро доир ба масъалаҳои муҳоҷират, бахусус оид ба теъдоди шаҳрвандони Тарафҳо, ки муваққатан дар ҳудуди давлатҳои якдигар будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд ба роҳ монанд. Мубодилаи иттилои мазкур ба фаъолияти самараноки мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тарафҳо мусоидат мекунад.
  2. Мувофиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҷиҳати татбиқи таҷрибаи пешрафта дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мубодилаи маълумотҳо оид ба талаботи бозори меҳнати ягдигар ба қувваҳои коргарӣ, омодасозӣ ва сафарбарсозии муташакилонаи шаҳрвандони Тарафҳо ҷиҳати бокортаъминсозӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳои муштараки соҳавӣ ҳамкориро ба роҳ мемонанд.

                                                              Вазоарти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли                                                                             аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон