Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад…

85 просмотров

Кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи тасдиқгардида корҳои фаҳмондадиҳӣ-иттилоотиро дар байни аҳолӣ оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2015, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», Қарори Раиси вилоят аз 15.12.2016, №532 Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар вилояти Суғд, Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27.01.2017, №35 Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар шаҳри Хуҷанд, оид ба «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон» оид ба будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон  ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират»  гуфта шуд, ки масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ зери назорати доимӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.                                        Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз кишварҳое маҳсуб меёбад, ки шаҳрвандони мо дар ин давлат кор ва будубоши муваққатӣ доранд. Аз ҷумла, мутобиқи маълумоти рафту омади шаҳрвандон тавассути гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017-ум 12 ҳазору 336 нафар шаҳрвандони кишварамон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуданд. Илова бар ин, дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон тоҷикони бурунмарзӣ (сокинони муқимӣ) истиқомат дошта, ба фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкорӣ машғуланд. Айни замон дар ин кишвар 8 диаспора ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон расман фаъолият менамоянд, ки бо онҳо робитаҳои зич ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти ин, дар асоси супориш аз ҷаласаи 14-уи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз 12 феврали соли 2018 бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон лоиҳаҳои созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҳия гардиданд. Санадҳои мазкур дар ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон рузҳои 14-15 марти соли 2018 ба имзо расонида шуданд. Бояд тазаккур дод, ки санадҳои баимзорасида ба тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷуҳурии Қазоқистон будубош ва фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ҳамкорӣ миёни сохторҳои ваколатдори ҳар ду давлат дар танзими масъалаҳои муҳоҷират ва дар ин замина мустаҳкам намудани робитаҳои дустии тарафайн равона гардидаанд.          Доир ба масъалаи муҳоҷирати бехатар, омодагӣ пеш аз сафар оиди тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ. Дар қайди муҳоҷирӣ истодан (мўҳлатҳои он), ёрии тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, омодагӣ барои гирифтани патент (ҳуҷҷатҳои лозима), тартиб додани шартномаи меҳнатӣ (мўҳлати он), танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан аз 1 январи 2015сол мавриди амал қарор мегирад, дар алоҳидагӣ гуфта шуд. Ҳамчунин ба аҳолӣ доир ба ҳуқуқу ўҳдадориҳои муҳоҷири меҳнатӣ ва донистани забону маданият бо мисолҳои равшан маълумот дода шуд. Муҳоҷирати бехатар ва таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо кори муносиб дар давлатҳои ҳориҷа махсусан дар минтақаҳои Федератсияи Россия масъалаҳои муҳими вохўрӣ ба ҳисоб мераванд. Имрўз, ки аксарияти муҳоҷирон аз сабаби надонистани забон ва ҳуқуқҳои худ дар мамлакати бегона ба шиканҷа рў ба рў гаштаву аз он давлатҳо берун шуда истодаанд ва дубора воридшавии онҳо хусусан ба қаламраи Федератсияи Россия манъ карда шудааст, аз ин хотир, гуфта шуд, ки пеш аз ба сафар барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан бояд, ки ин нафарон бо кормандони Хадамоти муҳоҷират дар тамос бошанд.                                                                                   Оид ба барқияи фаврии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 09.05.2017, таҳти №202 «Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 дар Федератсияи Россия» аз санаи 25 май то 25 июли соли 2018 дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Волгоград, Екатеринбург, Қазон, Калининград, Нижний-Новгород, Ростов-на-Дону, Самара, Саранск, Сочии Федератсияи Россия муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар мақомоти муҳоҷират 1 шабонарўз муқаррар карда шудааст, дар назди майдони бозори Панҷшанбе, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, маҳаллаҳо гузаронида шуд. Ҳамин тариқ корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар маҳаллаҳо, чойхонаҳо, истгоҳҳову бозорҳои шаҳри Хуҷанд идома ёфта истодааст.

                                                                            Раҳматзода Дилнозахон                                                                                мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират                                                                                   дар шаҳри Хуҷанд