Шарҳи созишнома дар маҳалҳо

84 просмотров

Дар доираи сафари расмии Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 14-15 март ба имзо расидани як қатор санадҳо ва тибқи Созишномаи байни Ҳукумати ҳар ду кишвар ба тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳудуди давлатҳои ҳамдигар ворид гардидани баъзе тағйиротҳо боиси қаноатмандии шаҳрвандон гардида истодааст.                       Имрўзҳо тибқи супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти Созишномаҳои байни ду давлат вобаста ба муҳоҷират дар рафти чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатии шўъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба мардум ба таври васеъ шарҳ дода мешавад.      Аз ҷумла 10 апрел чунин як чорабинӣ дар МТМУ №19 шаҳри Хуҷанд сокинони маҳаллаҳои Сари баландӣ, Тиллокон, Сайҳун, Сирдарё, Мевағул ва Темурмаликро ба ҳам овард. Ёдовар мешавем, ки ин мулоқот дар ҳамкорӣ бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардид.

                                                                                            Мардон Қурбонов