Вохӯрии судманд

65 просмотров

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, 1 май, вохўрии судманд бо раиси ҷамъияти миллӣ – фарҳангии Тоҷикон ба номи «Ҳамватан» – и вилояти Иркутски Федератсияи Россия Муриват Маликшоев ва Роҳбари Шўрои шуъбаи минтақавии Ассамблеяи халқҳои Русия  дар вилояти Иркутст Алексей Гордин баргузор  гардид.

Муовини сардори Хадамоти муҳоҷират аз таваҷҷўҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ ёддовар шуда, доир ба проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи урфу одат, расму ойин, анъана ва суннатҳо, донистани қонуну қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, ба вижа вилояти Иркутск, таъкид намуд.

Дар ҷараёни вохўрӣ ҷонибҳо атрофи пурзўр намудани корҳои иттилотию фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба кишвари Россия, бахусус минтақаи Иркутск ва баланд баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон дар бораи қонугузориҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, касбомўзӣ ва забондонӣ табодулӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки баъд аз баргузории вохўрию мулоқотҳо бо ахолии кишвар дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо сатҳи огоҳии шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боло рафта, мақомоти дахлдори Федератсияи Россия низ ин матлабро борҳо иброз доштаанд.

Инчунин, дар бораи дурнамои ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷират бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар самти интеграцияи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҷомеъаи имрўзаи Федератсияи Россия ва саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар хотимаи суҳбат аз ҷониби раиси ҷамъияти тоҷикон ва раиси Шўрои Ассамблеяи халқҳои Россия як чанд пешниҳодҳо карда шуд, ки ба хубӣ пазируфта шуд.

Мулоқот дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

                                                                                  Анвар Юсупов