Марҳилаҳои нав дар рушди ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи муҳоҷират

111 просмотров

Санаи 3-юми майи соли 2018 бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бинои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Марҳилаҳои нав дар рушди ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи муҳоҷират» баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, диаспораҳои ҳарду кишвар, масъулину кормандони  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он, инчунин  коршиносони байналмилалӣ   иштирок доштанд.

Чорабиниро муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳамадуллозода Нурулло Раҳматулло ифтитоҳ намуда,  оид ба раванди мусбии рушди тадриҷии ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар давраи соҳибистиқлолӣ  суханронӣ кард. Ӯ  ибрози умедворӣ намуд, ки иштирокчиёни мизи муддавар  ҷанбаҳои мухталифи масъалаи рушди ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн  дар  соҳаи  муҳоҷиратро фаъолона баррасию  муҳокима хоханд кард.

Тибқи барнома иштирокчиёни мизи муддавар  масъалаҳои ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ, соҳаи илм ва фарҳанг, муҳиммияти муносибатҳои  ҳамкории  байни диаспораҳо ва будубоши онҳо, инчунин нақши диаспораҳои тоҷик дар рушди робитаҳои байнидавлатӣ ва аҳамияти стратегӣ ва минтақавии ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва         Ҷумҳурии Қазоқистонро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, дар ҷараёни он мусоҳиба бо диаспораҳо доир гардид.

                                                       Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли                                                                              аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон