Ба таваҷҷуҳи муҳоҷирон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

144 просмотров

Мавзӯи бемориҳои сирояткунанда, бахусус бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) кишварҳои оламро ба ташвиш оварда, яке аз мушкилоти ҳифзи саломатии инсон дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст.

Ҳамасола теъдоди зиёди одамон дар ҷаҳон аз ин беморӣ сироят меёбанд. Омили асосии он беэҳтиётӣ ва надонистани чораҳои пешгирӣ аз сироятёбии он мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон, хатари сироятёбӣ аз ин беморӣ дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ бештар ҷой дошта, он тавассути хунгузаронӣ, алоқаи ҷинсӣ ва аз шири модари сироятёфта ба кудак мегузарад.

Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва аҳли ҷомеа барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин беморӣ барномаҳои мушаххасро тадбиқ намуда истодааст.

Ташхису табобат аз ин беморӣ дар қаламрави тамоми ҷумҳурӣ имкон дошта, он ройгон мебошад.

Бинобар ин аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз хатари сироятёбии бемории вируси норасоии масунияти одам ва воситаҳои пешгирии он дар марказҳои тиббӣ огаҳӣ пайдо намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан худро аз он эҳтиёт намоянд ва дар  бозгашт ҳатман аз ташхиси бемории мазкур гузаранд.

Саломатии худ, оила ва фарзандони худро ҳифз намоед ва иттилои мазкурро ба дӯстону наздикони худ расонед.

                                                                      Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва                                                                                                  шуғли аҳолии                                                                                                          ҶумҳурииТоҷикистон