Гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

123 просмотров

Бо мақсади иҷрои банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №506 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017-2020»  барои гузаронидани санҷиш оид ба иҷрои қарори мазкур гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ба шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Хуҷанд, Деваштич ва Ашти вилояти Суғд сафар намуданд. Ба ҳайати гурўҳи корӣ сардори шуъбаи ҳуқуқ Ятимзода Хуршед ва сармутахассиси Раёсати  муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Маҳмуд Давлатов шомил шуданд.

Дар доираи сафари хизматӣ гурўҳи корӣ аз шаҳру ноҳияҳои номбаршуда дидан намуда, вобаста ба мушкилиҳои муҳоҷирати дохилию экологӣ, аз ҷумла ба вуҷуд овардани инфрасохтор, пеш аз ҷудо гардидани қитъаи замин барои муҳоҷирон  хубтару беҳтар омўхтани мавзеъҳоро лозим мешуморанд.

Дар баробари ин гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират зимни вохўриҳо бо сокинони шаҳру ноҳияҳои дар боло зикр гардида, оиди қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро ба онҳо фаҳмонида,  ҷиҳати ҳалли муаммою мушкилоти вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дастурҳои мушаххас медиҳанд.

                                                                                                 Анвар Юсупов