Вобаста ба иҷрои супориши фаврӣ

155 просмотров

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои барқияи фаврии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти №7/1160 аз 1 майи соли 2018 ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои иттилоотӣ оид ба хатароҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ давоми ҳафта корҳои муайянро ба иҷро расонид.

Аз ҷумла, дар асоси барқияи мазкур бо барқияи сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ мудирони ҳамаи сохторҳои зертобеи Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан ҷиҳати корбарӣ дар самтҳои мазкур, боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ҷоннок намудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ вазифадор шуданд.

Дар ин радиф матни муроҷиатномаи аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасгардида барои чоп намудан ва ба самъи аҳли ҷомеа расонидан ба воситаҳои ахбори омма расонида шуд. Ҳамин корро шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ҳам анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки танҳо дар маркази вилоят имрўзҳо ба ғайр аз Идораи радиову телевизион ва 4 нашрияи давлатии вилоятӣ 6 адад ширкатҳои телевизиону радиои хусусӣ, даҳҳо номгўй нашрияҳои соҳавию ғайридавлатӣ ба табъ мерасанд. Бо ибораи дигар, дар миқёси вилоят барои ташвиқу тарғиби густурда имкониятҳо хеле фаровонанд.

Бо мақсади фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта бо ташхиси мобилии фаврӣ ҷиҳати ташкили нуқтаҳои ташхисӣ дар фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ Раёсат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дархост пешниҳод намуд. Дар сурати дастур додани Раиси вилоят ин кор амалӣ хоҳад гашт.

                                                                                            Мардон Қурбонов