Тақвияти талаботҳои муҳоҷиратӣ вобаста ба Ҷомӣ ҷаҳон оид ба футбол

210 просмотров

Ҳамватанони гиромӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷўҳи шумо мерасонад, ки вобаста ба баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Калининград, Нижний Новгород, Волгоград, Ростови лаби Дон, Саранск, Сочи ва Самараи Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини бехатарӣ чораҳои иловагӣ, аз ҷумла дар тартиби ба қайдгузории муҳоҷиратӣ татбиқ карда мешаванд. Дар асоси фармони Президенти ФР аз 09.05.2017 с. №202 аз 25 майи соли 2018 то 25 июли соли 2018, яъне дар давоми ду моҳ дар шаҳрҳои зикршуда муҳлати ба қайдгузории муҳоҷиратӣ (регистратсия) 1 шабонарўз (24 соат) аз вақти даромад ба қаламрави ФР муқаррар карда мешавад. Яъне шаҳрванди хориҷие, ки аз 25 май то 25 июли соли равон ба шаҳрҳои номбаршудаи Федератсияи Россия ворид мешавад, бояд дар давоми 1 шабонарўз (24 соат) танҳо дар мақомоти дахлдор, шуъбаҳои ҳудудӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия шахсан рафта, ба қайди муҳоҷиратӣ (регистратсия) гузоштан лозимаст. Тибқи талаботи фармони мазкур дар давоми баргузории мусобиқот дар ин шаҳрҳо ба қайдгузории муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ тавассути почта ё худ марказҳои муҳоҷиратӣ муваққатан қатъ карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи он нафароне, ки дар давоми баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон ба шаҳрҳои номбаршуда максади сафар доранд, бояд қаблан ҷойи иқомати муваққатӣ ва имкониятҳои дар як шабонарўз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштани худро ба нақша гиранд. Зеро риоя нагардидани ин меъёр боиси татбиқи чораҳои қатъии маъмурӣ шуда, хатари ихроҷ ва баста шудани вуруди минбаъдаи он ба Федератсияи Россия пеш меорад. Бояд гуфт, ки дар фарқият ба дигар мавсим дар давраи мусобиқот, яъне аз 25 май то 25 июли соли равон дар шаҳрҳои мазкур шуъбаҳои оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия бе рўзҳои истироҳатӣ шабонарўз фаъолият менамоянд.

Бо дарназардошти ин, ба шаҳрвандоне, ки дар давраи зикргардида мақсади сафар ба ин шаҳрҳо доранд, тавсия дода мешавад, дар сурати дар як шабонарўз (24 соат) дар мақомоти дахлдори ҳудудӣ имкони ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштанро надошта бошанд, аз вуруд ба минтақаҳои мазкур худдорӣ намоянд.

Барои маълумоти иловагӣ Шумо метавонед ба кормандони Намояндагӣ бо телефонҳои зерин муроҷиат намоед:

Ҳавзаи федералии марказӣ

ш. Москва
+7 (495) 967 98 44
+7 (926) 255 09 27;
+7 (968) 733 00 00;
+7 (926) 241 09 09;
ш.Санкт-Петербург, Калининград
+7 (964) 373 75 01;
ш-ҳои Саранск, Нижний Новгород, Самара, Қазон
+7 (906) 805 329 28 28;
ш.Екатеринбург
+7 (905) 805 57 77;
ш.Сочи
+7 (926) 578 31 99;
ш.Ростови лаби Дон
+7 (915) 488 32 23;
ш. Волгоград
+7(925) 236 67 85.

 

                                     Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли                                                   аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи                                                                       Россия оид ба муҳоҷират