Таҷлили иди Ғалаба дар Хадамоти муҳоҷират

227 просмотров

8 май дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ҳамоиши ботантана бахшида ба ҷашни 73-юмин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Нахуст, бо сухани табрикотӣ дар назди ҳозирин муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Толиб Шарипов баромад намуда, иброз дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рўзи ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошгти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил мекунанд.

Ғалаба бар фашизм бори дигар собит сохт, ки падарону бобоёни мо бо шуҷоату мардонагӣ, ватандўстиву матонат бар зиди зулму истибдод ва асорату бандагӣ муборизаи беамон бурда, барои таъмини ояндаи орому осоиштаи инсоният ҷоннисориҳо кардаанд.

Маҳз ба шарофату иттиҳоду ҳамбастагӣ, дўстиву рафоқат ва фидокориву заҳматҳои шабонарўзӣ дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонӣ ғалаба насиби халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ гардид.

Ҷанги Дуюми Ҷаҳон яке аз мудҳиштарин фоҷеаҳои башарият буда, ки дар он дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ Тоҷикистон низ бо маҳрумиятиву машаққатҳои зиёд рў ба рў гардид ва талафоти гарон дод.

Қариб 300 ҳазор фарзандони бонангу номус ва шарафманди Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, аз онҳо 92 ҳазор нафарашон дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд.

Мо хотири неки онҳоро ҳамеша пос медорем ва ба неки ёд мекунем. Зеро бо гузашти солҳо арзиши муборизаҳои абармардони ҷабҳаи ҷанг дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар ва барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад.

Бинобар ин, ҳар лаҳза талошу пайкори диловаронаи фарзандони баору номуси халқамон ҳамеша чун намунаи ибрат барои наслҳои имрўзу оянда хоҳанд монд, – қайд намуд муовини сардори Хадамот.

Дар фарҷом ў аз номи роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷират ҳамаи кормандонро бо ифтихори таҷлили 73-юмин солгарди Рўзи Ғалаба самимона табрику таҳният гуфта ба хонадони ҳар яки онҳо будбориҳо таманно намуд.

                                                                                                         Анвар  Юсупов